Ғалабаи «Равшан» бар «Хуҷанд»

Май 14, 2013 10:04

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар»). – Дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб дар вохӯрии навбатии даври шашуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи «Хуҷанд» — ро мағлуб сохт. Баъди ин ғалаба дастаи Маъруф Рустамов аз рӯи холҳо бо дастаҳои «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе ва «Регар – ТадАз» — и шаҳри Турсунзода баробар шуда, 12 хол дорад. Имрӯз, 14 май, дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар – ТадАз» бо якдигар вомехӯранд.

Май 14, 2013 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш