Қадрдонии ғолибони Дави миллӣ

Май 20, 2013 15:53

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари қишрҳои мухталифи ҷомеа ба варзиш 19-уми май дар сатҳи ҷумҳурӣ Дави миллӣ сурат гирифт.Мутобиқи маълумоти ситодҳои кории вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар чорабинӣ зиёда аз 335538 (сесаду сию панҷ ҳазору панҷсаду сиву ҳашт) нафар шаҳрванд ( 97857 бонувон, 237681 мардон), аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 17301 нафар, вилояти Суғд 76779 нафар, вилояти Хатлон 125109 нафар, шаҳри Душанбе 40000 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 76349 нафар иштирок намуда, ғолибону ҷоизадорон (дар масофаи 10 км)-и чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи миллии олимпӣ бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Иштирокчиёни фаъол аз ҳисоби табақаҳои ҷавон, калонсол, собиқадорон ва ғолибону ҷоизадорон дар маҳалҳо бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо сарфароз гардиданд. Ёдрас мешавем, ки Дав дар марказ аз маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб оғоз гардида, дар Наврӯзгоҳи тозабунёди шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид ва дар шаҳру навоҳии кишвар тибқи хатсайрҳои аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳӣ тасдиқ гардида сурат гирифт. Иштироки фаъоли доираи васеи наврасон ва ҷавонону собиқадорон дар чорабинии мазкур, аз таваҷҷуҳи зиёди мардум ба варзиши сабук шаҳодат медиҳад.

Май 20, 2013 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш