Қадрдонии аҳли заҳмат

Май 2, 2013 14:04

Б.Ғафуров, 2 май. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дирӯз дар майдони ба номи Б.Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки одамони касбу кори гуногун ҷамъомад доир шуд. Дар маърака суруду мусиқиҳои дилнишин дар васфи Истиқлолият, Тоҷикистон ва Ватан садо доданд. Аз як тараф дар майдон озмуни кашидани расми беҳтарин, иди гулҳо ва паррандаҳои хушхон ба ҳусни ҷамъомад ҳусн зам мекард. Раиси шаҳраки Ғафуров Қурбонҷон Мирзоев ва раиси ноҳия Содиқҷон Мирхолиқов ҳозиринро бо иди байналхалқии меҳнаткашон таҳният гуфтанд. Баъд вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғаффорова ва Абдузафар Иномов сухан гуфтанд. Дар ҷамъомад ба 30 нафар пешқадамони соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия шаҳодатномаи фахрӣ супорида шуд.

Май 2, 2013 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш