Қадрдонии иштирокчиёни ҶБВ

Май 8, 2013 15:50

Ваҳдат, 8 май. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Сол то сол шумораи иштирокдорони ҶБВ дар ҷумҳурӣ кам мешавад. Дар шаҳри Ваҳдат 40 нафар иштирокчии ҷанг зиндагӣ доранд, ки дар бурду бохт ва амнияти кишвар баҳри оромию субот заҳмат кашидаанд. Бахшида ба ин рӯзи муқаддас ба ҳар як иштирокчии ҶБВ аз ҳисоби фонди Президенти кишвар 800 сомонӣ, аз ҳисоби раиси шаҳр Анвари Вайсиддин 400 сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорони ҳудуди шаҳр маводи хӯрокӣ, аз ҷумла 1 як халтагӣ орд, 5 килограмм биринҷ, гӯшту шакар ва маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак расонида шуд.

Май 8, 2013 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш