120 давлати дунё рӯзи мусиқиро ҷашн мегирад

Май 21, 2013 14:28

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар» Руқияи Боймамад). — Имрӯз дар маркази фарҳангии «Бохтар» конфронс бахшида ба рӯзи таҷлили мусиқӣ, ки 1-уми июн баргузор мегардад, оғоз гардид. Дар барнома ҳунармандони гуруҳи Карагос(Фаронса) бо квартети омехта нағмаи лӯлигӣ, ҷаз, мусиқии аҳли ҷаҳон ва шансони фаронсавиро, ки ҳамоҳангии ҳазл, маҳорати касбӣ ва шеъру ғазалро дар худ дорост, пешкаши тамошобинон мегардонанд. Аз Тоҷикистон дар барнома шоира ва сухангӯ Ирина Дмитриева-Ван, сарояндаи сурудҳои халқӣ Абдухолиқ Сӯфиев ва гуруҳи “Джерай” барои рангорангии чорабинии мазкур баромад хоханд кард.Чорабинии мазкурро инчунин намоишгоҳи тобистонаи ҳунарҳои косибӣ-фурӯши маводи омодасохтаи косибони миллӣ аз чӯбу кулол ва сангу чарм идома хоҳад дод.Ногуфта намонад, ки ҳозирини чорабинӣ метавонанд аз намоишгоҳи тобистонаи ҳунарҳои косибӣ ба худ чизе аз ҳунари волои миллии тоҷик харидорӣ намоянд.Бояд гуфт, 15- сол аст, ки ин чорабиниро 120 давлат дар 5 қитъаи ҷаҳон таҷлил менамоянд.Намоишгоҳ-фурӯши маводи омода сохтаи косибони Тоҷикистон аз чӯбу кулол ва сангу чарм 1-уми июн дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе оғоз хоҳад ёфт .

Май 21, 2013 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш