“Ҳаҷ-2013»- бизнес неcт

Май 31, 2013 11:14

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар»).-Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои ҷомеаи мусулмонӣ буда, ибтидо аз садри ислом то кунун дар минтақаи Осиёи Миёна аз чандин лиҳоз аз манотиқи дигар фарқ мекарду ҳанӯз ҳам шомили чунин афзалиятҳо ҳаст.Тибқи оморҳои охирини расмии кишвар мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон 99.4 % ташкил медиҳанд. Ва аз ин ҷанба, яъне аз рӯи шумориши фоизи аҳолӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон дар миёни кишварҳои 10-гонаи аввал қарор доранд. Ҳамзамон тибқи назарсанҷиҳои кишварҳои арабию аврупоӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якчанд лиҳоз дар минтақа бартарии динӣ дорад. Илова бар ҳамаи гуфтаҳои мазкур аз лиҳози масҷиддорӣ ва теъдоди хоҳишмандони зиёрати Хонаи Худо низ дар минтақа назир надорад. Лозим ба ёд оварист, ки тӯли 3 соли охир ин нишондиҳандаҳо хеле афзудаанд, ки барои рафтани як нафар барои адои фаризаи ҳаҷ бояд 2 ва ё 3 сол дар навбат биистад. Алорағми он ки баъзе назарҳои сомонаҳои хориҷӣ, ки ин равандро ба боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва ҳамчунин татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кишвари мо истинод медиҳанд, вале ба ҳар ҳол чунин нишондодҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ камтар ба назар мерасанд. Ва маҳз ҳамин аст, ки шояд таваҷҷуҳи баъзе рӯзноманигоронро ҳамин масъала бештар ҷалб намуда, аксари вақт ба ҳамин масъала дахл менамоянд. Тибқи баъзе тахминзаниҳои коршиносон яке аз роҳҳои ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон низ ҳамин мавзуъҳои вобаста ба дин мебошанд, ки боиси хариди теъдоди зиёди шумораи рӯзномаҳо мегарданд ва шояд ин ҳам як навъи бизнес ба шумор меравад. Манзури мо низ хабарҳои вобаста ба масъалаи ҳаҷ, нархномаи ҳаҷ, ҳиссаи ҷудонамуда барои ҳоҷиёни тоҷик ва ғайраҳо мебошад, ки ҳар сол ҳангоми фаро расидани мавсими ҳаҷ ин масъала ба монанди тезгӯяк вирди забони ба истилоҳ мунтақиддин, бахусус як тоифа рӯзноманигорон қарор мегирад. Ва он ҳам масъалаи баланд рафтани нархномаи ҳаҷ ва хомӯшии масъулин дар мавзӯи мазкур. Бино бар ин чун одати пешина ба муҳтарам рӯзноманигорон ва бахусус рӯзномаи «Имрӯз нюс», ки дар шумораи № 89 (628) аз 28. 05. 2013 зери унвони «Ҳаҷҷ-2013: Фарз ё бизнес?» мақола нашр намудааст, ба чанд масъалагузориҳои дар он зикр гардида равшанӣ меандозем. Яке аз он сабаби боло рафтани нархномаи Ҳаҷ-2013 дар кишвар мебошад. Қабл аз ҷавоб додан ба ин суол бояд ба худи рӯзноманигор савол дод, ки чаро бе таҳлил ва бе мувофиқаи масъулин чунин хулоса мебарорад, ки нархи ҳаҷи имсола қариб 200 доллар гарон шуд?. Инро ба самъи рӯзноманигор расониданием, ки нархи ҳаҷҷи соли гузашта 17127, 79 сомонӣ буд ва он имсол дар муқоиса ба соли гузашта 497,51 сомонӣ фарқ дорад. Пас агар инро ба асъори хориҷӣ баргардонем, танҳо 103$ — ро ташкил медиҳад. Ва илова бар ин аз рӯзноманигор хоҳиш менамоем, ки пеш аз навиштани мақола онро бо ягон масъули рӯзнома хуб омӯхта, баъд нашр намояд, зеро ҳар рақаме, ки дар мақола нигоштааст, аз нуқсон орӣ нест. Ва яке аз ин рақамҳо навиштаи ӯ мебошад, ки чунин аст: «Ин дар ҳолест, ки соли гузашта нархи ҳаҷ 3 ҳазору 546 доллар буд. Шумораи зоирини ҳаҷ зиёда аз 4 ҳазору 500 нафар буданд ва мақомоти дахлдор он вақт гуфта буданд, ки ҳамагӣ 5 ҳазор квота ҷудо шуда буд. Ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта 6 ҳазор квота ҷудо шуда буд, на 5000», ки ягон масъул чунин ҳарфро назадааст.Дар хусуси боло рафтани нархи ҳаҷҷи имсола бояд зикр намуд, ки омили аслии он боло рафтани нархи чиптаи ҳавопаймо ба самти Душанбе-Ҷидда ва Ҷидда-Душанбе мебошад, ки имсол нисбат ба соли гузашта 241.5 сомонӣ боло рафт. Омили дигар Вазорати ҳаҷҷи Мамлакати Арабистони Саудӣ маҳсуб меёбад, ки он ҳам ба ҳамин миқдор боло рафт. Зимнан як чизи дигарро рӯзноманигорон бояд ба хотир дошта бошанд, ки ҳангоми муқоисаи асъори хориҷӣ бо пули миллӣ 17625, 30 сомониро на бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон, балки бо қурби нуқтаҳои мубодилаи асъор муқоиса намоянд. Чунки ҳоҷӣ маблағи хориҷиашро на бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон, балки бо қурби бозор иваз менамояд. Ва соли гузашта низ чунин ҳолат пеш омада буд. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мо кормандони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ дар ҳайати 5 нафар ба нуқтаҳои мубодилаи асъори воқеъ дар бозори Шоҳмансур барои иваз намудани асъори хориҷӣ (доллар) муроҷиат кардем, ки дар 3 нуқтаи он охирин нархи фурӯшро 488,9 ва хариди онро 487 сомонӣ иброз намуданд. Бино бар ин Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз боло ва ё поён рафтани қурби асъори хориҷӣ (доллар) барои ҳисоббаробаркунӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, созишномаи сетарафаро байни Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва бонки хизматрасони ҶСК «Ориёнбонк» ба имзо расонид, ки бо қурби миёнаи бозори байнибонкӣ баробар ба 4,83 сомонӣ барои як доллари ИМА мутобиқ мебошад.Масъалаи дуввум қиёси нархномаи ҳаҷ бо кишварҳои ҳамсояи мо, аз ҷумла Қирғизистон мебошад, ки рӯзноманигори рӯзномаи «Имрӯз Нюс» дар шумораи № 89 (628) аз 28. 05. 2013 дар мақолаи худ «Ҳаҷҷ-2013: Фарз ё бизнес?» навиштааст, ки нархи ҳаҷ дар Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон ҳамасола баланд боқӣ мемонад. Рӯзноманигорон танҳо нархи ҳаҷи Тоҷикистонро бо ин кишвар мавриди қиёс қарор медиҳанд ва он ҳам чун ҳамешагӣ бидуни таҳлил ва омӯзиш. Барои тафсилоти бештари ин масъала аз рӯзноманигори муҳтарам хоҳиш менамоям, ки ба вокунишҳои солҳои қаблӣ дар ҳамин мавзӯъ муроҷиат намоянд, то ки ба ҳар як саволи худ ҷавобҳои дақиқ пайдо намоянд. Вале ба тарзи мухтасар бори дигар ба чанд нукта ишора менамоем. Нархи ҳаҷ ба мисли ҳамсоякишварҳои мо аслан аз чанд лиҳоз тафовут дорад. Агар мо танҳо нархи ҳаҷи соли 2012-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Қирғизистон бо назардошти тамоми тафсилот таҳлил намуда, муқоиса намоем, комилан гуфта метавонем, ки нархи ҳаҷи ин кишвари ҳамсояи мо нисбат ба нархи Тоҷикистон 389 доллар зиёдтар мебошад.Барои мисол ҳоҷиҳои Қирғизистон аз пардохти маблағи меҳмонхона озоданд http://kabar.kg/society/full/31171, чунки онҳо дар маконҳои хайрия 13 км дур аз ҳарам сукунат менамоянд, маблағи қурбонӣ аз ҳисоби худи ҳоҷӣ пардохт мешавад, ҳоҷиён танҳо бо 2 вақт хӯрок таъмин мегарданд ва 300 доллар тафовути нархи чиптаи ҳавопаймо нисбат ба Тоҷикистон мебошад, ки ҷамъан 1435 долларро ташкил медиҳад. Ва сабаби арзон будани нархи ҳаҷ дар Ҷумҳурии Қирғизистон маҳз ҳамин масъала мебошад. Агар ҳамаи ин маблағҳои дар боло нишон додашударо ҳоҷиёни Қирғизистон дар соли гузашта пардохт мекарданд, нархи ҳаҷи онҳо 3935 долларро ташкил медод. Қазоқистон нархи ҳаҷро соли гузашта танҳо барои 2 ҳафтаина сафар барои адои фаризаи ҳаҷ 3800 доллар барои як ҳоҷӣ муқаррар карда буд. http://stan.tv/news/23983 Озарбойҷон имсол нархи ҳаҷро 4145.87 доллар муқаррар намудааст. http://anspress.com/index.php?a=2&lng=ru&nid=192075.Тотористони Русия имсол нархи ҳаҷро 4397,71 доллар муайян намуд. http://kazan.dkvartal.ru/news/138-tys-rublej-budet-stoit-xadzh-v-2013-godu.Чунин мисолҳо хеле зиёд мебошанд, ки дар сурати зарурӣ мо метавонем тамоми маълумоти вобаста ба нархгузориҳои ҳаҷро дар кишварҳои хориҷӣ низ дар ихтиёри хонандагон гузорем.

Май 31, 2013 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад