Ҳадафҳои созандаи Паёми Президент
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар»).-Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун паёмҳои солҳои қабл пурмуҳтаво ва муайянкунандаи самтҳои мухталифи ҷомеаи мамлакат мебошад. Дар Паёми навбатӣ низ Сардори давлат бештар ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушди кулли соҳот, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва фароҳамоварии шароити мусоиди корӣ диққати махсус зоҳир намудааст. Аз Паёми имсола метавон хулоса кард, ки қисмати аъзами маблағҳои буҷаи ҳукумат барои бунёди мактабҳо, беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбия ва умуман, соҳаи маориф масраф мешавад. Тавре дар Паём зикр гардид, раванди таълиму тарбия самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои тадриҷан беҳ шудани он кулли тадбирҳои зарурӣ пиёда хоҳад шуд. Тибқи ки маълумоти оморие, ки Сардори давлат зимни ироаи Паём иброз дошт, дар муддати 10 соли охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1000 мактаби ҷавобгӯ ба тақозои меъёрҳои замони муосир бунёд гардидааст. Ин нишондод гувоҳи он аст, ки ғамхорию дастгирии ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврас ҳадду ҳудуд надорад. Ва мо-омӯзгоронро мебояд, ки дар иҷрои рисолати хеш ба саҳлангорию бемасъулиятӣ роҳ надода, саҳми арзандаамонро дар кори саводноку хушақлоқ намудани ҷавонон бигузорем. Баъзан мавридҳое мешаванд, ки аз забони бархе аз омӯзгорон дар хусуси кам будани маош, нарасидани китобҳои дарсӣ ва ғайра шикваҳо мешунавем. Воқеан ҳам маоши муаллимон кам аст, вале набояд нодида гирифт, ки пайваста мувофиқ ба имконот роҳбарияти мамлакат, пеш аз ҳама, музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро баланд мебардорад. Дар такя бар Паёми Президент, дар соли равон маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми ду миллиарду 131 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ки дар муқоиса ба соли 2000-ум 57 маротиба бештар мебошад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки то соли 2020 маоши муаллимон ба миқдори назаррас баланд бардошта мешавад. Нуктаи дигаре, ки дар Паёми Президент садо доду мавриди таваҷҷуҳи аҳли маориф аст, масоили марбут ба тарбияи ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд маҳсуб меёбад. Аз нигоҳи мо, ин масъаларо низ яке аз мавзуъҳои меҳварии Паём метавон унвон кард. Дар воқеъ, дар замони имрӯз, ки ҷомеа дар ҳолати ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ҷавононро дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватан чун обу ҳаво зарур аст. Бешубҳа, дар ин ҷода ҳар омӯзгор бояд бо камоли масъулият бикӯшад, ки саҳим бошад. Дар адои вазифаи хеш ҳамеша софдилона ва ғамхорона амал намояд. Яке аз масъалаҳои дигаре, ки Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунандагони макотиби олии мамлакат мебошад. Дар партави ин таъкиди Сардори давлат, раёсатҳои донишгоҳҳо ва дигар масъулини соҳаро мебояд, ки нақшаи дурнамои тарбияи кадрҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва хориҷ аз он таҳия карда, ҳамчунин, барои ҳарчи зудтар ба тақозои замон мувофиқ гардонидани барномаҳои таълимии макотиби олии ҷумҳурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Лозим ба тазаккур аст, ки бо ибтикори ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ А.Раҳмонов чанде қабл тамоми барнома ва нақшаҳои таълимӣ таљдиди назар гардида, то ҳадди имкон ба талабот мувофиқ шуданд. Ба андешаи раёсати донишгоҳ яке аз омилҳои паст будани сатҳи сифати таълим номукаммалию номувофиқатии нақшаҳои таълимӣ мебошад. Таъкиди Президенти мамлакат, ки дар ин хусус иброз гардид, аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимони Донишгоҳи омӯзгорӣ бо фараҳмандию мамнуният пазируфта шуд ва итминони комил ҳаст, ки дар камтарин фурсат барномаю нақшаҳои таълимӣ бори дигар мавриди назар ва мутобиқгардонӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамзамон Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ кард, ки солҳои охир ҳазорон нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бекор монда, бо фаъолияте машғуланд, ки ба ихтисоси гирифтаашон ҳеҷ мутобиқат надорад. Доир ба ин проблемаи ҷиддӣ низ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ корҳо ҷараён доранд ва пас аз таъкиди Президенти кишвар боз ҳам тадбирҳо дар ин самт пурқувват карда хоҳанд шуд. Алъон шумораи ангуштшумори хатмкунандагони донишгоҳи мо ба ҷои кор ҳозир нашудаанду халос. Яъне, дар ин бобат аз ҷониби раёсати таълимгоҳ барои бекору саргардон нагаштани хатмкардагон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Масъалаи муҳиме, ки аз тарафи ҳайати омӯзгорону профессорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳамовозии бештар пайдо кард, дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон мебошад. Дар таълимгоҳи мо 18 нафар ятими кулл ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Тибқи дастуру супоришҳои ҳамешагии Роҳбари давлат, ин афрод пайваста аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва Иттифоқи касабаи донишҷӯён дастгирӣ меёбанд. Метавон гуфт, ки ин ятимон ҳамарӯза бо хӯроки гарм ройгон таъмин мегарданд ва ҳамчунин аз сартарошхонаи донишгоҳ ҳуқуқи истифодаи бепул доранд. Таъкиди Ҷаноби Олӣ дар хусуси ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон бори дигар инсонпарвару ҳалим ва пуштибони ин қишри ҷомеа будани ӯро собит менамояд. Ҳамзамон, аз ин нукта бармеояд, ки ҳукумати кишвар уҳдадориҳои хешро дар ҷодаи ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро мекунад. Ҳадафҳое, ки дар Паём омадаанд, воқеан, созандаанду барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи мамлакат равона гардидаанд. Қобили зикр аст, ки доир ба татбиқи нуктаҳои дар Паёми Президент дарҷшуда дар Донишгоҳи омӯзгорӣ барномаи махсуси корӣ таҳия шудааст ва тибқи он дар ҳама сохторҳо корҳо бовусъат идома доранд. Бобоҷон Самиев, профессор,Бахтиёри Абдураҳим, рӯзноманигор








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






