Ҳафтаи маърифати давлатҳои аъзои СҲШ

Май 17, 2013 10:54

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 22 то 25 май дар шаҳри Маскав ҳафтаи шашуми маърифати давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.Тавре ки аз Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия хабар доданд, дар ин чорабинӣ намояндагони донишкадаҳои асосии олии Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай, мақомоти раёсати таҳсилоти давлатҳои аъзои СҲШ ва ғайра иштирок менамоянд. Форуми байналмилалӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия роҳандозӣ мешавад. Имзои Созишнома дар бораи тарбияи муштараки магистрҳои Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай воқеаи асосии Ҳафтаи шашуми маърифати давлатҳои аъзои ин созмон мегардад.

Май 17, 2013 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш