Ҳалокати Мастонаи хурдсол дар садама

Май 24, 2013 14:54

Душанбе,24 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Ронандаи мошини Дайво-Сиело Саидбек Шарифови 21-сола аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба садама дучор шуд ва мусофири хурдсоли ӯ Мастонаи 5- сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, ронандаи мошини тамғаи «Дайво-Сиело», рақами давлатиаш 74-55 АК 03 РТ, шаҳрванд Саидбек Шарифови 21-сола, сокини деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Данғара ба тарафи пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, ғайр аз Мастонаи хурдсол дигар мусофирон низ ҷароҳат бардоштаанд.

Май 24, 2013 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш