Ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 13 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Рустамов бо гурӯҳи коршиносони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии Чен Нэчжуан баргузор гардид.Иштирокдорони мулоқот масоили марбут ба содироти маҳсулот ва тарҳрезии протоколи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҷонибҳо ҳамчунин зикр намуданд, ки моҳи марти 2012 дар шаҳри Пекин ҷаласаи якуми комиссияи кории байни вазоратҳои кишоварзии ҳар ду кишвар оид ба ҳамкорӣ баргузор гардида, 6 июни соли 2012 дар шаҳри Пекин Ёддошт дар бораи ҳамфикрии байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникии сифати амволи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати растаниҳо имзо шуд.Тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, сар аз соли 2013 меваю сабзавоти Тоҷикистон дар бозорҳои кишвари Чин ба фурӯш мебароянд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






