Ҳамкории ПСС ҶТ бо телевизиони Синҷон

Май 30, 2013 11:20

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо президенти телевизиони Синҷон Янг Хонхин ва ноиби президент Ҳанат Маолинбай баргузор гардид.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии гуруҳи телевизионии Чин ба вазорату идораҳои кишвар супориши махсус додааст.Меҳмон дар навбати худ қайд намуд, ки ҳайати Синҷон ба таърих, фарҳанг, иқтисодиёт ва дастовардҳои Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият мароқ зоҳир менамояд. Шариф Саид пешниҳод намуд, ки филмҳо дар бораи Роҳи абрешим ва иштироки ҳайатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳу ярмаркаҳои Чин ба наворбардорӣ шаванд.

Май 30, 2013 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш