Ҳамлагари африқоии «Равшан» муҷозот шуд

Май 7, 2013 14:48

Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Кумитаи назорату одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ҳамлагари африқоии дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Соломон Течиро аз иштирок дар 3 бозии мусобиқаи қаҳрамонии кишвар маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ легионери дастаи «Равшан» ба он айбдор мешавад, ки дар бозии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо дастаи “Энергетик”-и Душанбе барқасдона ба пойи бозигари ин даста зарба задааст. Ҳамчунин сардовари бозии «Равшан»- «Энергетик» Каюмарс Сулаймонов ва нозири бозӣ Кенҷа Ҳаитов барои рӯйпӯш кардани рафтори норавои бозигарон аз ҳаққи нозирӣ кардан дар 4 бозӣ маҳрум шуданд.

Май 7, 2013 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш