Ҳашари ободсозӣ дар Кӯлоб

Май 23, 2013 16:03

Кӯлоб, 23 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳали зист, гулгашту хиёбонҳои шаҳру ноҳияи Кӯлоб пайваста дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони тамоми корхонаю ташкилот, муассисаҳои фарҳангию тандурустӣ, донишгоҳу мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, сокинони шаҳру ноҳияро ба ҳашар даъват менамояд. Дар шанбегии навбатӣ ҳашт ҳазор нафар аҳолӣ аз субҳи барвақт дастаҷамъона ба корҳои тоза кардани атрофи бинои корхонаҳо ва нарм кардани бехи дарахтон шуруъ карданд. Онҳо рохравҳоро тоза ва бехи дарахтонро нарм карда, гулҳои гуногун шинониданд. Бино бар иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб гузаронидани чунин ҳашарҳои умумишаҳрӣ дар рӯзҳои истироҳатии минбаъда низ ба нақша гирифта шудааст. 

Май 23, 2013 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш