ҲХДТ китоби иштирокчии ҶБВ-ро нашр кард

Май 4, 2013 11:24

Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба пешвози Рӯзи Ғалаба китоби драматург, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдуллоҷони Қодирро бо номи «Ищите мудрость в солнечном начале…» ба нашр расонд. Бар пояи иттилои сомонаи расмии ҲХДТ дар китоби мазкур драмаи «Салом Юлча» оид ба таърихи Тоҷикистони солҳои 30-юми асри гузашта ва фаъолияту зиндагии нависандаи муборизи чех Юлиус Фучик дар Тоҷикистон ва драмаи «Фариштаи Днепр»дар мавзӯи қахрамонии ҷанговари тоҷик дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷой дода шудаанд.Гуфта мешавад, ки Абдуллоҷони Қодир –узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 2-юми январи соли 1925-ум дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, дар ҳайати фронтҳои 1-ум ва 2-юми Украина ба ҳайси инструктор, командири тӯпи худгарди ИСУ-152 ҷангидааст.

Май 4, 2013 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш