Ҷаласаи 58-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ

Май 6, 2013 11:49

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 58-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ ба кори хеш оғоз намуд.Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов иштирок ва суханронӣ карда, нахуст Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони ҷаласаи 58-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ қироат намуд.Оқил Оқилов зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки роҳи оҳан дар пешбурди иқтисодиёти ҳар як давлат нақши муосир дошта, омили муҳими таъминкунандаи афзоиши рафтуомади мусофирон ва гардиши молу маҳсулот дар миёни кишварҳо ба ҳисоб меравад. Ба андешаи Сарвазири мамлакат фаъолияти муштарак ва ҳамгироии ҳамаҷонибаи давлатҳои иттиҳод дар доираи Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан метавонад таҳкимбахшандаи муосибатҳои байни сохторҳои роҳи оҳан гардида, рушд ва пешрафти рӯзафзуни ин соҳаи ҳаётан муҳимро таъмин намояд. Ҷаласаи мазкур ду рӯз идома ёфта, дар анҷоми он имзои қарори якҷояи ҷаласаи 58-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ дар назар дошта шудааст.

Май 6, 2013 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш