Ҷаласаи Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд

Май 17, 2013 10:57

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз 18 то 22 май дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 38 – уми ҳарсолаи Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд баргузор мегардад. Дар ҳошияи ҷаласа бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ, бахши инфиродию давлатӣ ва васоити ахбори омма семинару ҳамоишҳо баргузор мешаванд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.21 май маросими расмии ифтитоҳи ҷаласаи 38 – уми ҳарсолаи Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, 22 май ҷаласаи роҳбарони Шӯрои хазинаҳои Ал — Ақсо ва Ал – Қудса, иҷлосияи хотимавӣ, ҷаласаи 13 – уми Ассамблеяи генералии ширкатҳои Бонки исломии рушд оид ба бахши инфиродӣ доир гардида, Созишномаи марбута ба имзо мерасад.Алҳол 56 давлат аъзои Бонки исломии рушд мебошад. Тоҷикистон соли 1997 узви бонки мазкур гардида буд.

Май 17, 2013 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш