Ҷалби шаҳрвандон ба суғурта

Май 28, 2013 09:34

Кӯлоб, 28 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар минтақаи Кӯлоб ҷалби шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои фарҳанг, маориф, тибб ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба филиалҳои суғуртавӣ бештар гардида, шартномаи онҳо рӯз аз рӯз нисбат ба суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ афзоиш меёбад. Ба гуфти директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар минтақаи Кӯлоб Абдуғаффор Давлатов дар ин муддат кормандони филиалҳои мазкур бо 33 ҳазору 42 нафари ҳуқуқию воқеӣ шартномаи суғуртавӣ бастанд, ки аз ин шумора 6 ҳазору 749 нафараш ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 26 ҳазору 593 нафараш ба намуди суғуртаи ихтиёрӣ мансубият дорад. Дар ин самт масъулини филиалҳои ноҳияҳои Муъминобод, Шурообод, Восеъ, Кӯлоб, Данғара, Ҳамадонӣ ва Ховалинг пешсаф буда, нақшаҳои худро ба 100-109 фоизӣ расонидаанд.

Май 28, 2013 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш