Ҷараёни иҷрои фармони Президенти ҶТ ғайриқаноатбахш аст

Май 2, 2013 11:26

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, рақами 1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақомоти нозирони қитъавии милиса дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва густариши ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» то ҳол аз ҷониби баъзе шахсони масъули ҳокимиятит иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои ноҳияҳои Шаҳринаву Варзоб, иҷро карда намешавад. Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов дар ҷараёни ҷаласаи ҳайати мушовара аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ кард. Рамазон Раҳимов ба камбудию масоили марбут ба иҷрои фармони мазкур дахл намуда, диққати ҳорзиронро ба фароҳам овардани шароити кори нозирони қитъавӣ, аз ҷумла таъмини ҷойҳои кории онҳо бо таҷҳизоти техникӣ ва телефон ҷалб карда, ба сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иҷрои бечунучарои фармони мазкур дастуру супоришот дод.

Май 2, 2013 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш