Ҷарроҳии кӯдакон –мавзӯи баҳси олимон
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Конфронси илмӣ — амалии ҷарроҳии кӯдакон дар мавзӯи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди ҷарроҳии кӯдакон», ки бо иштироки беш аз 30 нафар намояндагони кишварҳои хориҷӣ, баргузор гашт, ба 85- солагии узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор шодравон Аъзам Тоирович Пӯлодов бахшида шуд.Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбонов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки талошу кӯшишҳои ҷарроҳони бемориҳои кӯдакона ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ дар донишгоҳ ва берун аз он сол то сол вусъати тоза пайдо мекунад. Конфронси имрӯза низ далели он аст, ки масъалаҳои мубрам дар ин соҳаи тибби муосир диққати муҳаққиконро беш аз пеш ба худ ҷалб менамояд. Таи солҳои охир дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакона пешравиҳои зиёде дар самтҳои таълим ва тарбияи донишҷӯён, инчунин табобати беморон ба назар мерасанд. Дар кафедра курсҳои такмили ихтисоси баъдидипломӣ дар шохаҳои гуногуни ин соҳаи мураккаби илми ҷарроҳӣ, ба монанди масъалаҳои актуалии ҷарроҳии кӯдакон; ҷарроҳиҳои узвҳои қафаси сина; масъалаҳои актуалии ҷарроҳии навзодон; масъалаҳои актуалии урологияи кӯдакона ва инчунин, курси такмили ихтисоси анестезиология ва реаниматологияи кӯдакона ба роҳ монда шуд, ки дар ин курсҳои номбаршуда аллакай мутахасисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳсил намуда донишу малакаҳои худро баланд бардошта истодаанд. Дар хотима, У.А.Қурбонов изҳори боварӣ намуд, ки дар ҳамоиши илмӣ дар робита бо иштироки ҳамкорони хориҷӣ ба ҳалли бисёр проблемаҳои муҳими соҳаи ҷарроҳии кӯдакон роҳи роҳи васеъ кушода шуда, ҷиҳати рушду равнақи ин риштаи муҳими илми тибби муосир шароиту имкониятҳои тоза муҳайё мегардонад.Дар ҷаласаи пленарии конфронс ҳамчунин муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Б.Ҷобирова, Президенти академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустии ҶТ Н.Ф. Файзуллоев, мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Русия ба номи Н.И. Пирогов А.Ю.Разумовский, роҳбари шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишкадаи илмӣ-татқиқотию-клиникии вилоятии Москав А.Е. Машков, роҳбари шуъбаи ҷарроҳии таъҷилии кӯдаконаи Донишкадаи илмӣ-татқиқотии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳри Маскав В.И.Петлах , ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҷарроҳии фаврӣ ва шикастабандии кӯдаконаи шаҳри Маскав В.Г.Багаев, ҷонишини директори шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдаконаи Маркази миллии ҳифзи модару кӯдаки Қиризистон А.Т.Ҷумъаев суханронӣ намуда, оид ба рушду нумӯи ояндаи ҷарроҳии кӯдакона фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






