Ҷашни нимасраи кафедра

Май 17, 2013 09:41

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дирӯз бахшида ба 50-солагии таъсиси кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар бинои асосии таълимгоҳи мазкур конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фалсафаи маориф: масъалагузорӣ, даъват ва дурнамо» баргузор гардид. Тавре ки Бахтиёри Абдураҳим, котиби матбуотии донишгоҳ иттилоъ дод, дар конфронс файласуфони маъруф аз макотиби олии мамлакат ширкат варзиданд.Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов пиромуни нақши кафедраи фалсафа дар тарбияи мутахассисони ин соҳа андешаронӣ намуд. Дар такя бар қавли мавсуф, аксар олимони соҳаи фалсафа, ки имрӯз шоистаи эътироф гардидаанд, дастпарварони маҳз ҳамин даргоҳ мебошанд. Дар айни замон низ устодони варзидаю соҳибунвони зиёде дар кафедра фаъолият мебаранд ва дар радифи таълими донишҷўён, ҳамзамон, ба тадқиқи мавзӯоти муҳиму сарбастаи илми фалсафа машғуланд. Дар конфронс ҳамчунин аз устодоне, ки дар таъсиси кафедраи мазкур саҳм гузоштаанд, ном бурда шуд ва ҳамзамон фаъолияти онҳое, ки дар тӯли ин муддат дар кафедра кор кардаанд, шоистаи таҳсин арзёбӣ гардид.

Май 17, 2013 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст