290 млн. доллари БИР барои татбиқи лоиҳаҳои Тоҷикистон
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Имрӯз, баъд аз зуҳр дар «Кохи Сомон»-и Бӯстонсарои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Иҷлосияи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд Ассамблеяи генералии давлатҳои исломӣ, семинар оид ба имкониятҳои молиявии лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд бо намунаҳои натиҷаовар ва Ассамблеяи генералии созмони машваратчиён аз давлатҳои исломӣ баргузор гардид. Дар нишастҳои мазкур аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои давлатҳои узви ин созмон бо БРИ изҳорӣ қаноатмандӣ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ ба нафъи кишварҳои аъзо рушд хоҳанд кард. Зикр шуд, ки Бонки Исломии Рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ 340 лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ менамояд, ки аз он 59 лоиҳа, ба маблағи 290 миллион доллари амрикоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Ҳамчунин, дар ҷараёни ҷаласаҳои мазкур ҳайатҳои кишварҳои аъзо масоили мухталифи мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






