701 хона хусусӣ карда шуд
Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯи натиҷаи семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 556 иншооти ғайриманқул хусусӣ карда шудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар сохтори соҳавии амволи хусусӣ гардонидашудаи давлат ҳиссаи иншоотҳои бахши савдо ва хӯроки умумӣ 3,8 фозро ташкил дод. То 1 апрели соли равон дар чумҳурӣ 268 ҳазор хона хусусӣ карда, 194,2 ҳазор хона фурӯхта ва 4 ҳазор хона бо пардохти нопурра дастраси аҳолӣ гардонида ва 69,8 ҳазор хона ба таври ройгон хусусӣ гардонида шудааст.Мувофиқи маълумоти оморӣ, тайи моҳҳои январ – марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҷамъ 701 хона хусусӣ карда шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






