Аҳмад Муҳаммад Алӣ: «Ташкили Вохўрии 38-ум дар Душанбе–беҳтарин дар таърихи БИР»

Май 27, 2013 10:38

Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар»). — Шоми 23 майи соли ҷорӣ нишасти ҷамъбастии ташкилкунандагон ва иштирокчиёни масъули Вохўрии 38-уми ҳарсолаи Шўрои Мудирони Бонки Исломии Рушд дар Душанбе баргузор гардид.Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣҳусни дар бораи мақому талошҳо ва кордонии ташкилкунандагони тарафи Тоҷикистон ибрози ақида намуда, сатҳи баргузор гардидани Вохўрии 38-уми Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушдро дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе аз лиҳози ташкилӣ беҳтарин дар таърихи Бонки Исломии Рушд арзёбӣ намуд.Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба кулли ашхосе, ки дар баргузории ин чорабинии муҳим саҳм гузоштанд, миннатдорӣ баён намуда, зикр дошт, ки онҳо бо дарназардошти таъмини сифати баланди ташкилӣ ва меҳмоннавозӣ, аз нигоҳи роҳбарияти Бонк ҳамчун сафирони беҳтарини Тоҷикистон дониста мешаванд ва дар ин ҷода ба масъулини кумитаи тадорукотӣ шаҳодатномаҳои эътирофӣ тақдим кард.Раиси Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов аҳамияту ҳиссагузории барҷастаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушдро дар рушди иқтисодии ҷаҳони исломӣ махсус таъкид намуда, ба Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҷиҳати баланд арёбӣ намудани баргузории Вохўрӣ сипосгузорӣ намуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи Вохўрии мазкур ҷаласаи Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд, инчунин ҷаласаҳои созмонҳои Гурўҳи Бонки Исломии Рушд, аз қабили Вохӯрии 20-уми Корпоратсияи Исломӣ оид ба суѓуртаи сармоягузориҳо ва қарзҳои содиротӣ, Вохўрии 6-уми солонаи Шўрои мудирони Бунёди ҳамбастагии исломӣ барои рушд, Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи генералиӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Вохўрии 8-уми ассамблеяи генералии корпоратсияи байналмилалии исломии савдо ва молиявӣ баргузор гардиданд. Инчунин, дар доираи Вохўрӣ конференсияҳою семинарҳо, форумҳо ва симпозиумҳо оид ба масъалаҳои гуногун гузаронида шуданд. Умуман, дар доираи Вохўрӣ зиёда аз 35 чорабинӣ баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо ташаббусҳои тоза ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзо дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ гардиданд.Бояд қайд намуд, ки дар рафти чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ як қатор созишномаҳо байни Бонки Исломии Рушд ва давлатҳои аъзои он ба имзо расонида шуд. Аз он ҷумла байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд 5 созишнома ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи умумии қариб 40 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Май 27, 2013 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст