А.Ансип: «Дар оянда шоҳиди густариши муносибот хоҳем шуд»
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тақвияти робитаҳои ҳасанаи Душанбею Таллин дар арсаҳои сиёсӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва кишоварзӣ дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров — раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Андрус Ансип- Сарвазири Эстония қарор дошт. Шукурҷон Зуҳуров доир ба фаъолияти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон қонуну санадҳои муҳим ва созишномаву қарордодҳо таҳия ва ба тасвиб расидаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалианд. Мавсуф зикр кард, ки мо ҳамеша алоқаманди тақвияти ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Эстония мебошем. Зикр гардид, ки таъсиси гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парлумонҳои ҳар ду кишвар такони ҷиддие дар тавсеаи ду кишвари дӯст хоҳад гардид. Ҳар ду кишвар дар масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи муштарак дошта, ин раванд ба таҳкими сулҳу суботи комил дар миқёси ҷаҳон ва минтақа равона гардидааст. Раиси Парлумони Тоҷикистон аз раванди рӯ ба рушди муносиботи иқтисодиву тиҷоратии ҳар ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки мақомоти марбутаи Душанбе ва Таллин бояд дар самти густариши муносиботи мутақобилан судманд талошҳои муассир анҷом диҳанд. Сарвазири Эстония ба тавсеаи муносиботи байнипарлумонии Парлумони кишвараш бо Парлумони Тоҷикистон дахл карда, гуфт, ки густариши ҳамкориҳои ду мақоми олии қонунбарор метавонад барои рушди равобити дигар соҳаҳо заминаи ҳуқуқӣ ва қонунӣ муҳайё созад. Андрус Ансип таъкид кард, ки дар ин замина мо алоқаманди таҳкими равобит дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, рушди туризм, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ва ҷорӣ намудани таҷрибаи Эстония дар бахши технологияи иттилоотӣ дар Тоҷикистон ҳастем. Сарвазири Эстония афзуд, ки миёни ҳар ду кишвар имкониятҳои истифоданошудаи ҳамкорӣ ҳанӯз ҳам зиёданд ва мо ба марҳилаҳои ин равобит ворид гардида, дар оянда шоҳиди густариши муносиботи дуҷониба дар тамоми арсаҳо хоҳем гашт. Андрус Ансип аз Шукурҷон Зуҳуров даъват ба амал овард, ки дар замони барояш муносиб аз Эстония боздид намояд. Мусоҳибон зимни мулоқот ҳамзамон дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, хусусан авзои Афғонистонро матраҳ намуданд. 13.40.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






