Адибон—тарғибгарони Паёми Президент

Май 14, 2013 16:09

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Имрӯз дар Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Паёми меҳру имону садоқат» баргузор гардид, ки дар он адибону муҳаққиқони кишвар иштирок доштанд.  Маҳфилро Раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ оғоз бахшида, Паёми Президентро раҳнамои пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар хонд ва зикр намуд, ки адибони тоҷик дар тарғиб ва ба мардум фаҳмонидани Паёми Президент аз тариқи телевизиону радио ва матбуот саҳмгузор ҳастанд.Баъдан профессор Ҷовид Муқим дар мавзӯи «Нақши очерк ва публитсистика дар ташаккули афкори ҷомеа» ва намояндаи масъули Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия—масъалаи мубрами рӯз» маърӯза карданд.

Май 14, 2013 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад