Афзоиши бақияи пасандозҳо
Душанбе, 30 мая. (НИАТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Тамоюли зиёдшавии бақияи пасандозҳо дар охири апрели соли равон бомаром идома дорад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6 фоиз афзуд. Аз рӯи иттилои Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо дар ин давра нишон додааст, ки 35,8 фоиз (1’791,8 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,2 фоиз (3’ 214,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намудаанд. Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 14,81 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 10,26 фоизи солона баробар шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






