Ахбори муҳимтарини рӯз

Май 3, 2013 16:28

Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар»).-Коршиноси чинӣ Лифан Ли гуфтааст, ки бе ҳимояти Созмони ҳамкории Шанхай раванди барқарор намудани сулҳ дар Афғонистон ғайриимкон аст.- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев бо муовини вазири умури хориҷии Чин Се Ханшэн мулоқот кард- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Прокурори генералии Украина гуфтааст, ки дар боздошти Юлия Тимошенко қазияи сиёсие вуҷуд надорад ва ба гуфтаи ӯ ин ақидаро Суди аврупоӣ ҳам тасдиқ кардааст.- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — -Додситони парвандаи террори Беназир Бҳутто, нахуствазири пешини Покистон Чодри Зулфиқор Алӣ ҳадафи тирандозии афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифта, кушта шуд.- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Муовини вазири мудофиаи Қирғизистон Илёсбек Субҳонқулов гуфтааст, ки 70 фисади Артиши кишварашро нафарони аз рӯйи шартнома хизматкунанада ташкил медиҳанд- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Кумитаи ҳимояти журналистон (CPJ) 12 давлати барои фаъолияти рӯзноманигорон пурхатартаринро интишор кардааст. Ба ин рӯйхат Ироқ, Сомали, Филиппин, Покистон, Бразилия, Шри-ланка, Мексика, Колумбия, Русия, Афғонистон, Нигерия ва Ҳиндустон дохил шудаанд. Тарҷумаи Баҳманёр Муродов

Май 3, 2013 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш