Баррасии масъалаи бозпас гардонидани лоиҳаи қонуни конститутсионӣ
Душанбе, 27 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи пас гардонидани лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат баррасӣ гардид. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси МАҷлиси намояндагон баргузор гардид, аъзои Шӯро ҳамзамон масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як силсила қонунҳои амалкунандаи кишварро матраҳ намуданд. Аъзои Шӯро ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»-ро муҳокима намуданд. Ҳамчунин дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба аҳамияти ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карда шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






