Баррасии масоили ҳамгироиву шарикии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ

Май 21, 2013 11:40

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Семинари байналмилалӣ дар мавзӯи “Истифодаи ҳамкории шарикӣ ва таҷрибаи минтақавӣ барои рушди ояндаи фаъолият дар давлатҳои Осиёи Марказӣ” бо сарварии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд Давлаталӣ Саидов 20 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки фаъолонаи намояндагони кишварҳои гуногун дар доираи вохўрии 38-уми Гуруҳи Бонки Исломии Рушд баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиши мазкур раиси Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов суханронӣ намуда, баён дошт, ки тавре таҷрибаи омўхташудаи буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ нишон медиҳад, таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозираро танҳо дар заминаи ҳамкории шарикии минтақавӣ метавон бартараф кард. Дар ин робита, бояд ҷидду ҷаҳди умумӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, фароҳам овардани шароит барои тиҷорат ва сармоягузории мутақобила равона шавад.Қайд гардид, ки ҳамгироӣ дар масъалаҳои сохтмони иншооти нави энергетикӣ, пеш аз ҳама иншооти истеҳсолкунандаи қувваи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарар, мавриди истифода қарор додани манбаъҳои барқарор шавандаи энергия, вусъат бахшидани имкониятҳо итранзитию нақлиётӣ, сохтмон ва тармими роҳҳои мошингард, пулҳо ва нақбҳо, омӯхтани имкониятҳои сохтмони шабакаҳои нави роҳҳои оҳан, таъмини ҳамкории тиҷоратии кишварҳо ва таъмини интиқоли озодимол, нерўи корӣ ва сармоя давлатҳои моро ба ҳамдигар наздик месозад ва ин омилҳо дар мавриди кунунӣ барои бунёди иқтисоди солими минтақавӣ нақши калидӣ доранд.Таъкид гардид, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 ва сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон афзалиятнок ба шумор рафта, татбиқи онҳо на танҳо ба рушди Ҷумхурии Тоҷикистон, балки барои рушди кулли давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад намуд ва дар ин маврид мавқеи сохторҳои Гуруҳи Бонки Исломии Рушд ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои мазкур ниҳоят муҳим мебошад.Дар семинар инчунин роҳҳои ҳалли дигар масъалаҳои умдаи рўз мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар мавзўи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо, истифодаи пурраи имконоти мавҷуда дар минтақа ба хотири рушди устувори иқтисодӣ мубодилаи афкор ва таҷриба доир гардид.

Май 21, 2013 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш