Баррасии натиҷаҳои лоиҳаҳои МТБ

Май 24, 2013 15:35

Душанбе,24 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Фаъолият ва дастовардҳои барномаҳои Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ), чолишҳои рӯбарӯи он ва нақшаҳои ояндаи он имрӯз, 24-уми май дар нишасти навбатии Кумитаи назоратии лоиҳаҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар Тоҷикистон се лоиҳаро пиёда мекунад, ки ҳар сеяш аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, фаъолияти тарҳҳои МТБ-ро пурсамар номида, кори онро дар вуруди Тоҷикистон ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ (СТҶ) муассир медонад. Бахтиёр Муҳиддинов, масъули ширкати «Неку Хуҷанд» доир ба содирот мегӯяд, ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ ба онҳо имкон дод, то ҳузури худро дар бозорҳои беруна тақвият бахшанд ва рақобатпазирияшонро боло бибаранд. То ҳоли ҳозир, МТБ дар чаҳорчӯбаи ин барнома як силсила тарҳҳоеро барои дастгирии соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон пиёда кардааст, монанди «Пешбурди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ» (2002-2003) ва се марҳилаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» (2003-2006, 2006-2008, 2009-2012).Самти фаъолияти лоиҳа то соли 2008 соҳаи коркарди мева ва сабзавот буд ва сар аз соли 2009 барнома ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ рӯ овард ва то имрӯз ба натиҷаҳои амалӣ ва муваффақе дар ин соҳаи пур аз мушкил ноил гардидааст.Ёдрас мекунем, ки барномаи Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат ба рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат роҳандозӣ шудааст. Марҳилаи саввуми он моҳи сентябри соли 2009 оғоз шуд ва моҳи декабри соли 2012 анҷом пазируфт.

Май 24, 2013 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш