Боздиди И. Шимонович аз зиндонҳои Тоҷикистон
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз ҳайати намояндагони СММ бо роҳбарии ёвари Котиби генералии СММ, ки бо ташрифи корӣ ҷиҳати ошноӣ аз вазъи ҳуқуқи инсон ба Тоҷҷикистон сафар намудаанд, баъди вохўриҳо бо вазирони корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Прокурори генералӣ, Омбудсмен ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хостори ташриф ва шиносоӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон шуд. Ҷиҳати иҷрои хоҳиши ҳайат ва меҳмони олиқадр, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлияи ҶТ мулоқот ва ташрифи онҳоро ба Муассисаи ислоҳии №4-и шаҳри Душанбе таъмин намуд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори Хадамоти матбуоти СРИҶ-и Вазорати адлияи ҶТ Одинашо Муродов хабар дод, намояндагони СММ дар ҳайати Иван Шимонович, ёвари Котиби генералии СММ, Ҳуланд Тседеев-сардори Раёсат оид ба ҳуқуқи инсон, Феона Файзер- муовини сардори Раёсат оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиё Марказӣ, Армен Арутян- роҳбари Намояндагии минтақавии Раёсат оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Рустам Менглиев — вазири адлияи ҶТ ва Изатулло Шарифов — сардори СРИҶ-и Вазорати адлияи ҶТ аз Муассисаи ислоҳии №4 дидан карданд.Зимни шиносоӣ намояндагон аз вазъи манзилҳои мулоқотии муваққатию шабонарўзӣ, ошхона, чойхона, китобхона, масҷид ва дигар иншооти будубоши маҳбусон, ҳамчунин аз ҳавзи моҳипарварӣ, гармхона, майдони зироаткорӣ ва дигар иншооти истеҳсолии муассисаи мазкур дидан намуданд. Ҳайати намояндагон бавижа роҳбари он И. Шимонович баъд аз суолу ҷавоб бо маҳбусин аз вазъи муассисаи мазкур изҳори қаноматмандӣ намуда, таассуроти худро баъди ошноӣ чунин арз намуд: «Банда то замони фаъолият дар СММ ба ҳайси вазири адлияи кишвари Хорватия фаъолият кардаам. Ташрифи мазкур ва мулоқоту ошноӣ бо вазъи яке аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон, ки бе қарори пешакӣ пешниҳод ва доир гардид, барои ман хотирмон мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки СММ ҷиҳати таъмини талаботи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон талошҳои зиёде мекунад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ин созмон дар сатҳи лозимӣ иҷрои он талаботро ба роҳ мондааст. Ҳадаф аз ташрифи ҳайат шиносоӣ бо вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки фикр мекунам мо ба он ноил гардидем».Ҳамчунин дар мулоқот дигар намояндагони ҳайати мазкур аз вазъи озодона дар ҳудуди муайянгардидаи маҳбас сайругашт кардани зиндониён, ки масоҳати 4 га-ро ташкил медиҳад, истироҳати якҷоя дар ду чойхонаи дар ҳудуди муассиса фаъолияткунанда, бе мамониат ва дар вақтҳои фориғ ба мутолиа дар китобхона ва ибодат дар масҷид машғул шудан ва ғайраҳо изҳори қаноатмандӣ карданд, зеро ба гуфтаи онҳо шароити нигаҳдории зиндониён дар аксари кишварҳои дунё, ки ба таври «камеравӣ» (дар ҳуҷраи алоҳида нигоҳ доштани ҳар як маҳбус) ва тартиби маҳдуд намудани алоқа ва ҳатто сухбат бо якдигар миёни маҳбусон хеле сангин аст. Аммо шакли «лагер»-и нигаҳдорӣ, ки имкони суҳбату муносибат ва алоқаи зичро миёни зиндониён таъмин мекунад ва шароитҳои ҳам истироҳатӣ ва ҳам меҳнатии муассисаи мазкур аз тарафи намояндагон вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои онҳо ҷолиб арзёбӣ гардид.Ташрифи ҳайат ба Тоҷикистон якрўза буда, фардо Намояндагони СММ бо ёвари Пан Ги Мун Тоҷикистонро тарк мекунанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






