Бозор Собир мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонро бародарона хонд
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро, ки дар пайи ҳаводиси маълуми ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба Амрико ҳиҷрат карда буду бо даъвати Президент ба Ватан бар гашт, ба ҳузур пазируфт. Бозор Собир дар ҳузури намояндагони ВАО мулоқоташро бо Сарвари давлат дӯстона ва бародарона унвон карда, ба Президенти кишвар ҷиҳати даъват ва мусоидат арзи сипос намуд. Бозор Собир гуфт: «Дар мадди назари Ҳукумат қарор доштан барои ман кифоя аст».Ба иловаи Бозор Собир ин бори аввал нест, ки ӯ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба Ватан даъват мешавад. «Ҳанӯз солҳое, ки Талбак Назаров вазири корҳои хориҷӣ буд, ман ба Тоҷикистон даъват шуда будам, аммо ҳанӯз замони муносиб набуд, аз ин рӯ, ин корро барои ягон рӯзи мувофиқтар мавқуф гузоштам. Чандин бори дигар низ даъват шуда будам, аммо ин бор аз тариқи сафири Тоҷикистон даъват шудам, ки бо ӯ бевосита дар хонаи худам суҳбат доштем ва ман ин даъватро хуш пазируфтам»,- иброз дошт Бозор Собир.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






