Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Задухӯрди мусаллаҳона дар Нигерия Душанбе, 2 май .(АМИТ «Ховар»).-Бар асари задухӯрди мусаллаҳона дар қисми шимолу шарқии минтақаи Бамаи Нигерия 17 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Тавре ки расонаҳои хабарии дохили кишвар менависанд, тирпарронӣ миёни як гуруҳ силоҳбадастони номаълум ва кормандони мақомоти полиси кишвар сурат гирифтааст. Шумораи ҳалокшудагон аз гуруҳи силоҳбадастони намаълум зиёда аз 50 нафар ва аз кормандони қудратӣ 7 нафарро ташкил медиҳад. То ҳол сабабҳои муноқишаро муайян накардаанд. Тафтишот дар ин самт идома дорад. Таркиш дар шаҳри Прага Душанбе, 2 май .(АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар яке аз биноҳои Театри миллии пойтахти Чехия — шаҳри Прага таркиши ногаҳонӣ ба амал омад. Дар натиҷаи ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расида, 40 каси дигар бо захмҳои гуногун ба беморхонаи марказӣ интиқол ёфтанд. Ба гуфти сардори шуъбаи тафтишотии Вазорати корҳои дохилии кишвар, таркиш аз зарфи газдор сар задааст. Қабати якуми бино, ки дар он инфиҷор ба вуқуъ омад, қисман хароб гардидааст. Аз зарбаи сахти таркиш биноҳои атрофи ҳодиса низ зарар дидаанд. Ҳамзамон роҳҳои асосии автомобилгарди шаҳр баста шудаанд. Кормандони мақомоти полис барои муайян намудани сабабҳои дақиқи ҳодиса фаъолият мебаранд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






