Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Қаллобӣ дар Амрико Душанбе, 17 май .(АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар торномаи www.rg.ru навишта шудааст, дар соҳаи андози Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қаллобӣ ошкор шудааст. Президенти Амрико Барак Обама дар ҳузури кормандони васоити ахбори оммаи кишвар иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Раёсати андози кишвар-Стивен Миллердро ба истеъфо фиристод. Ин шахси мансабдор дар пайи ошкор шудани амалҳои қаллобӣ аз қудрат барканор карда шуд. Президент ин қаллобиро нобахшиданӣ унвон карда, изҳор дошт, ки ифшои амали мазкур боиси нигаронист. Вазири рушди иқтисоди Амрико барои ошкор шудани амали қаллобӣ аз Хадамоти молиявии кишвар дархости истеъфо намудааст. Обама таъкид дошт, ки Хадамоти молиявӣ ба роҳбари ҷадид ниёз дорад.
Роҳбари бонки «Росбанк»-и Русия дастгир шуд Душанбе, 17 май .(АМИТ «Ховар»).-Дар торномаи интернетии www.vesti.ru омадааст, ки кормандони Хадамоти зиддиришваситонии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия роҳбари бонки «Росбанк» Владимир Голубков ва ноиби президенти бонк Тамара Полянитсинаро бо ҷурми ришваситонӣ дастгир карданд. Тибқи маълумоти расида, Голубков аз роҳбари яке аз ширкатҳои тиҷоратӣ 1,5 миллион доллар пора талаб намудааст. Маблағи мазкур бояд тавассути миёнарав- Тамара Полянитсина супорида мешуд, зеро қаблан барои ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ Тамара розигӣ дода буд. Дар натиҷа як қисми маблағи талабкардаи Голубков дар ҳаҷми 5 миллион рубл ба ў тақдим шуд. Баъди ин, ўро дар утоқи кориаш дастгир карданд. дар айни ҳол тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.
Шумораи бекорон дар Британияи Кабир Душанбе, 17 май .(АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои сомонаи www.Hamshahri.com шумораи бекорон дар Британияи Кабир рў ба афзоиш аст. Ҳукуматдорони кишвар барои пешгирии сатҳи бекорӣ барномаҳои махсус қабул менамоянд. Бояд гуфт, ки аз моҳи январ то апрели соли равон шумораи бекорон боз 15 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар маҷмуъ сатҳи бекорӣ дар кишвар 7,8 дарсадро ташкил медиҳад. Музди маош коҳиш ёфтааст, ки аз соли 2009-ум инҷониб чунин ҳолат ба қайд гирифта нашуда буд. Аммо бояд гуфт, ки иқтисодиёти кишвар тадриҷан рушд мекунад, зеро маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар то 0,3 дарсад боло рафтааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






