Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҳифзи кӯдакон

Май 27, 2013 11:31

Қӯрғонтеппа, 27 май. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – Дар вилояти Хатлон чорабинӣ ба ифтихори «Ҳафтаи кӯдаки солим» оғоз ёфт.Тавре ки аз шӯъбаи иттилооту таҳлили маъмурияти вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон рӯи кор оварда, дар ҷараёни он тадбирҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ роҳандозӣ мешаванд. Даври хотимавии чорабинии мазкур 31 май дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа сурат мегирад.

Май 27, 2013 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш