Чорабиниҳои идона дар Саридора

Май 20, 2013 16:22

Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-23 май дар ҷумҳурӣ Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Дар робита ба ин сана дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ чорабинии идона баргузор гардид. Азим Иброҳим — сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбиҳо таманно намуд. Ҳамзамон дар доираи Ҳафтаи ҷавонон дар Саридораи геологияи назди ҳукумати мамлакат мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, тенниси рӯи миз, гурзбардорӣ ва дастхобонӣ гузаронида шуданд, ки дар он кормандони дастгоҳ, корхонаҳои воҳидии Саридора ва донишҷӯёни факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби роҳбарияти Саридораи геология бо мукофот ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Май 20, 2013 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш