Д. Саидов: «Бунёди махсуси рушди инноватсионӣ зарур аст»
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар нимаи дуюми рӯзи 21 майи соли 2013 дар Кохи Сомон Симпозиуми 24-уми Бонки Исломии Рушд таҳти унвони «Инноватсия барои рушди иқтисодии давлатҳои аъзои Бонки Исломии Рушд» таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шўрои мудирони Бонки Исломии Рушд Давлаталӣ Саидов ва иштироки мудирону намояндагони кишварҳои узви Бонки исломии Рушд баргузор гардид.Дар симпозиум мутахассисон ва олимони зиёд ширкат варзида, муҳокимарониҳои ҷиддӣ амалӣ шуданд. Дар музокираҳо оид ба пайгирии роҳҳои наву самараноки инноватсионӣ барои рушди иқтисодии кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд таклифу пешниҳодҳо ва мулоҳизаҳо пешкаш гардиданд.Д. Саидов зимни маърӯзаи худ иброз намуд, ки дар шароити муосир инноватсия яке аз пайвандҳои фаъоли тамоми соҳаҳоиҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Фаъолияти инноватсионӣ имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба сатҳи нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ расонида, ба қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи рушди ҷомеа табдил ёфтааст.Президенти Гуруҳи Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ оид ба моҳияту нақши кунунии инноватсия дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳои исломӣ, ки барои рушди босуботи иқтисод дар дурнамои дарозмуҳлат, ташкили самтҳои нави иқтисодиёт ва ташкили фазои ягонаи бозори мусоид фароҳам хоҳад сохт, суханронӣ намуд.Дар симпозиум баён шуд, ки таъмини рушди минбаъдаи кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд ва густариши рақобатпазирии онҳо бо истифодаи васеи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ имконпазир аст ва мо бояд дар ин ҷода муташаккилона тадбирҳои зарурӣ андешем.Дар ин ҷода раиси Шӯрои мудирон Давлаталӣ Саидов ба сифати яке аз чунин чораҳо дар назди Бонки Исломии Рушд таъсиси Бунёди махсуси рушди инноватсиониро пешниҳод намуд, ки он метавонад олимону сохторҳои илмию тадқиқотии давлатҳои аъзои бонкро аз тариқи ҷудо намудани грантҳо ва дигар маблағҳои молиявӣ бевосита дастгирӣ намояд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






