Дарёфти ҳашиш аз борхалта

Май 3, 2013 10:43

Душанбе, 3 май.(АМИТ «Ховар»).- Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Ҷаҳонгир Шомирзоев ,соли таваллудаш 1977, пеш бо моддаи 200 қисми 2 КҶ ҶТ суд шудааст ва Толиб Ашӯров, соли таваллудаш 1987, пеш бо моддаи 247 қисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи онҳо 3 килою 895 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Май 3, 2013 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш