Даъват ба пос доштани арзишҳои миллӣ

Май 2, 2013 11:12

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ҷиҳати фаҳмондадиҳии моҳият ва иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, ҳамчунин доираи масоили умдаи вобаста ба самти ҷавонон бо фаъолҷавонони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мулоқот мекунад.Воқеан, ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгари ҳаёт эътироф шуда, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар шароити кунунӣ бе иштироки фаъолонаи насли ҷавон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳамзамон имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси кумита Мавсума Муинова бо ҷавондухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» дар мавзӯи «Зан-модар сарчашмаи ҳаёт» доир хоҳад шуд. Хадаф аз баргузории чорабинӣ дар замири насли ҷавон бедор намудани эҳсоси баланди миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҷодкорӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллист.

Май 2, 2013 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш