Донишҷўёни Донишгоҳи омўзгорӣ-милисаҳои ғайриштатӣ
Душанбе, 11 май (АМИТ «Ховар»).- Шумораи ҷиноятҳое, ки дар се моҳи аввали соли равон содир шудаанд 1051 ададро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 13 адад бештар аст. Ин нуктаро намояндаи Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Зоҳиршо Камолов 10-уми май зимни мулоқоти гуруҳи калони кормандони ҳамин раёсат бо устодону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон иброз дошт. Дар вохўрии мазкур мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва расму оинҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Одинашоҳ Муродов низ ширкат варзид.Аз маркази матбуоти ДДОТ ба АМИТ «Ховар» иттиилоъ доданд, ки ҳангоми суханонии ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов ҳадаф аз мулоқотро ташреҳи нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президент, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии толибилмон ва ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ арзёбӣ намуд. Дар ҷамъомад Зоҳиршо Камолов пиромуни вазъи ҷинояткорӣ, омилҳои бавуҷуд омадани ҷиноят, таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар, истифодаи маводи нашъаовар ва паёмадҳои марговари он, бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷўён ва садамаҳои нақлиётӣ, истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар рафти дарсҳо муфассал сухан ронд. Бино ба гуфтаи ў, раванди ҷинояткорӣ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст ва қисмате аз ҷиноятҳо бо иштироки донишҷўён ба амал омадаанд. З.Камолов барои тақвияти ин гуфтаҳо Донишгоҳи техникии Хуҷанд, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва чанди дигарро ном гирифт, ки аз тарафи муҳассилини ин макотиби олӣ ҷинояти бештар содир гардидааст. Ба иттилои З.Камолов, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии мамлакат то 1-уми апрели соли ҷорӣ теъдоди мубталоёни бемории хавфноки ВИЧ/СПИД 3910 нафарро ташкил медиҳад, ки қисмати зиёди онҳо дар натиҷаи истеъмоли моддаҳои нашъадор сироят ёфтаанд. Дар мулоқот, инчунин зикр гардид, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҷавононро ба ҳайси корманди ғайриштатии милитсия ба кор қабул карда, ҳуҷҷати тасдиқкунанда медиҳад, то онҳо миёни ҷомеа ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ дар чаҳорчўбаи қонун фаъолият бубаранд. То ин замон ҳудуди 150 нафар донишҷўи Донишгоҳи омўзгорӣ ба сифати милисаи ғайриштатӣ пазируфта шудаанд. Дар идомаи вохўрӣ О.Муродов, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва расму оинҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар дар хусуси таъмини амнияти озуқаворӣ, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳо», сарфаи маблағ дар заминаи тасвиби қонуни мазкур ва мавзуоти марбут ба дини Ислом муфассал изҳори андеша кард.Дар фарҷоми мулоқот донишҷўён ба саволҳои сершумори хеш доир ба масъалаҳои матраҳ посухҳои дақиқу қаноатбахш гирифтанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






