Донишгоҳи омӯзгорӣ аз аттестатсия гузашт

Май 29, 2013 15:29

Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Комиссияи аттестатсияи давлатӣ, ки аз 3-юм то 24-уми майи соли равон вазъи ҳуҷҷатнигорӣ, раванди таълим, сатҳи донишомӯзӣ имконоти технологӣ ва умуман, тамоми самтҳои фаъолияти 5-солаи Донишгоҳи омӯзгориро зери санҷиш қарор дода буд, 28-уми май дар ҳузури васеи устодону кормандон натиҷаи аттестатсияро эълом дошт. Р.Саидов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба тарзи ҳуҷҷатгузорӣ дар шуъбаи кадрҳо баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки дар ягон муассисаи таълимӣ ин гуна тартибу низоми ҳуҷҷатдорӣ мушоҳида нашудааст. Тамоми санадҳо тибқи муқаррарот мавҷуд буда, раванди кор мувофиқи талабот ҷараён дорад.Бино ба иттилои котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим дар такя бар гуфтаи Р.Саидов, дар ҷараёни санҷиш дар радифи муваффақиятҳо, хамчунин камбудиҳо низ ошкор шуданд, ки ислоҳи саривақтии онҳо амри ногузир мебошад. Масалан, фоизи омӯзгорони унвондор ба меъёрҳои муайяншуда мутобиқ нест. Ҳамзамон баъзе факултаю кафедраҳоро устодони беунвон роҳбарӣ менамоянд, ки ин низ бар хилофи санадҳои дахлдор мебошад. Тӯли 5 сол бештар аз 100 нафар шуъбаи аспирантураи донишгоҳро ба итмом расонидаанд, вале аз ин шумора ҳамагӣ 14 нафар дар вақти муқарраршуда рисолаҳои илмиашонро дифоъ намудаанд. Дар масъалаи дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет мебояд гуфт, ки он на дар ҳама синфхонаҳои компютерӣ имконпазир мебошад.Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов дар посух ба эродҳои ҳайати комиссия зикр кард, ки воқеан ҳам, қисмате аз камбудиҳои гуфташуда вуҷуд дошта, барои рафъашон корҳо идома доранд. Масалан, алъон, ҳар нафар аспирант дар ҳар семоҳа аз аттестатсия гузаронида мешавад ва барои ҳимояаш муҳлат муайян шудааст. Дар бобати дастрасӣ ба интернет таъкид намудан бамаврид аст, ки дар ҳама синфхонаҳои компютерӣ ва кулли факултаю кафедраҳо интернет дастрас мебошад ва дар ин ҷода мушкиле вуҷуд надорад.

Май 29, 2013 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш