«Хазинаи тиллои тоҷикон»- ғолиби озмуни байналмилалӣ

Май 27, 2013 14:49

Душанбе, 27 май (АМИТ «Ховар»).- 24 майи соли 2013 дар шаҳри Минск ҷаласаи доварони Озмуни Х байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ба ҳафт номгӯйи озмун беҳтарин китобҳои мунташираи давлатҳои иштирокчии ИДМ пешниҳод шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба ин озмун чанд китоби тайи як соли охир аз ҷониби нашриёти давлатӣ ва хусусии кишвар интишоршударо пешкаш кард. Чуноне директори нашриёти Ирфон Ҷӯра Шарифов аз шаҳри Минск иттилоъ дод, дар ҷамъбасти озмун китоби Ҳамрохон Зарифӣ «Хазинаи тиллоии тоҷикон» дар барои таърихи санъати амалӣ ва ороишии беназир ва гаронбаҳои тоҷикон, ки аз ҷониби нашриёти «Ирфон» пешниҳод шуда буд, аз рӯи номгӯйи «Арт-книга» ба дарёфти дипломи дараҷаи аввал сазовор гардид. Китоби мазкур то имрӯз ба якчанд забон, аз ҷумла тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, арабӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ҳамчунин ба хатти форсӣ нашр шудааст.Китоби нашриёти «Адиб» «Наврӯзнома»-и Умари Хайём (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) аз рӯи номгӯйи «Илм, фарҳанг ва маориф» дипломи дараҷаи сеюми озмунро дарёфт намуд. Дар моҳи сентябри соли равон дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи XXVI байналмилалии китоби Маскав маросими тантанавии супоридани дипломҳо ба ғолибони Озмуни Х байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад. Дипломҳо барои китобҳои ғолиби озмун аз Тоҷикистон ба нашриёти «Ирфон» ва «Адиб» супорида хоҳанд шуд. Китобҳои ғолиби озмун дар Намоишгоҳи мазкур дар экспозитсияи Агентии федералии матбуот ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия ба намоиш гузошта шуда, сипас ба хазинаи китоби осорхонаи таърихи ИДМ манзур мегарданд. Китобҳои беҳтарини ИДМ ҳамчунин дар гӯшаи махсуси Намоишгоҳ-ярмаркаи XXI байналмилалии китоби Минск дар моҳи феврали соли 2014 ба намоиш гузошта хоҳанд шуд. Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои иштирокчии ИДМ ҳар сол баргузор шуда, муассиси он Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳн кардани китоб ва полиграфия мебошад. Имсол баргузории озмунро Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Беларус ва Агентии федералии матбуот ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия ба уҳда доштанд. Ба андешаи мутахассисон нуфузу эътибори озмун дар фазои китоби кишварҳои ИДМ сол то сол боло рафта, дар тарғиби ташвиқи дастовардҳо дар соҳаи нашри китоб ва мусоидат намудан дар рушди он саҳми сазовор мегузорад.

Май 27, 2013 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд