Хонаи умеди умедворон

Май 13, 2013 15:36

Шаҳринав, 13 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Имсол аз таъсиси мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав 80-сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат ин муассисаи бонуфуз чун хонаи умеди ҳазорон кӯдакону наврасон дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо гузошту мегузорад. Алҳол дар ин ҷо зиёда аз 330 нафар тарбиятгиранда аз кулли манотиқи ҷумҳурӣ бо таҳсил, ҷои истиқомат ва бо чор вақт хӯроки гарм таъминанд. Дар мактаб- интернат 42 нафар муаллим ва муррабӣ ба таълиму тарбия машғуланд.Як қатор ташкилоту идораҳо ва шахсони саховатманд аз ҷумла, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Орди Шаҳринав», хоҷагии деҳқонии «Кенҷабой», ҶСШП «Паррандапарварӣ» ба бошандагони ин даргоҳ доимо кӯмак мерасонанд.

Май 13, 2013 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш