Хушнудии собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария аз эълони мороторий ба ҳукми қатл дар Тоҷикистон
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут ДРЕЙФУС, ки нимаи дуюми 15-уми май доир гардид, як қатор мавзуоти мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд. Рут ДРЕЙФУС пас аз мулоқот бо Сарвари давлат дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз намуд, ки «Мо ният дорем, то Осиёи Марказӣ ба минтақае, ки дар он ҳукми қатл пурра бекор карда шуддаст, мубаддал шавад. Бояд бигӯям, ки дар ин самт нақши Тоҷикистон басо чашмрас аст»Ба гуфти номбурда ҷониби Швейтсария аз бекор гардидани ҳукми қатл дар тамоми кишварҳои олам манфиатдор буда, барои расидан ба ин ҳадаф иқдомот ва мусоидати худро идома медиҳад.«Мо хуб медонем, ки дар ин самт бояд ҳар як кишвар мустақиман ҷодаи худро интихоб намояд ва барҳақ Тоҷикистон дар роҳи дуруст қарор дорад» — гуфт Рут ДРЕЙФУС.Собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария аз он хушнудӣ намуд, ки аз соли 2004 ин ҷониб дар Тоҷикистон дар ин масъала мороторий эълон шудааст. Номбурда изҳори итминон кард, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ метавонад ба ҳадафи ниҳоӣ дар ин самт – пурра аз байн бурдани ҳукми қатл дар кишвар бирасад. Ин дар ҳолест, ки ҷиҳати берун кардани ҳукми қатл аз қонунгузории Тоҷикистон дар кишвар аз гуруҳи корӣ амал мекунад ва дар ин бобат Эмомалӣ Раҳмон ба Рут ДРЕЙФУС гуфт, «Давлати Тоҷикистон мавқеи ниҳоии худро доир ба ин масъала дар асоси хулосаҳои гурӯҳи корӣ, ки бо назардошти афкори ҷомеа ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бароварда мешавад, муайян хоҳад кард».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






