Ифтитоҳи маркази омӯзиши забонҳо дар назди ДДК

Май 25, 2013 10:04

Кӯлоб, 25 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар заминаи гузаштан ба усули нави таълим дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маркази омӯзиши забонҳо кушода шуд. Марказ бо 16 адад компютер, тахтаи электронӣ, адабиёти таълимӣ ва дискҳои аудиовизуалӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Мувофи нақшаи раёсати донишгоҳ дар маркази омӯзиши забонҳо дар баробари омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дигар хоҳишмандон низ имкони истифода аз ин марказро доранд. Барои беҳтар гардидани кори маркази забонҳо он бо шабакаи байналмилалии интернет пайваст шудааст, ки кори омӯзгорону донишҷӯёнро дар самти дастрасӣ ба адабиёти зарурии соҳавӣ осон мегардонад. Дар назди шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ низ маркази таҳлилию иттилоотӣ бо мақсади таҳия ва коркарди лоиҳаҳо барои ширкат дар барномаҳои байналмилалӣ ва баргузории семинарҳо ва машваратҳои иттилоотӣ таъсис шудааст.

Май 25, 2013 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш