Имзои 10 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 27 май (АМИТ «Ховар»).-Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Созишнома миёни Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмии педагогии тахассуси олӣ ва Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр ва аттестатсия намудани кадрҳои илмӣ ва илмии педагогии тахассуси олӣ;Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ташкили мубодилаи маълумот доир ба интиқоли молҳо ҳангоми савдои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва барасмиятдарории гумрукии онҳо;Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ (муҳофизат), огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ;Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;Қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи ҳамкорӣ барои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон”;Қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба”;Қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи сохтмони роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон»;Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






