Имзои созишномаҳои грантӣ миёни Тоҷикистон ва БИР
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 22 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе вобаста ба натиҷаҳои Вохўрии 38-уми Шўрои мудирони гуруҳи Бонки Исломии Рушд баимзорасонии силсилаи созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталиф баргузор гардид.Дар ин радиф 3 созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд, аз қабили Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара” (марҳилаи 3), Созишномаи қарзӣ ва грантӣ оид ба “Лоиҳаи маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Созишномаи грантӣ оид ба “Лоиҳаи кўмаки техникӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Точикистон” ва 1 созишнома байни Донишкадаи миллии тадқиқоти исломӣ (IRTI) бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.Бояд қайд кард, ки дар мавриди татбиқи Лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара” (марҳилаи 3) бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагонии аҳолии деҳот 1750 гектар замини нав обёрӣ шуда, дар ин заминҳо кишти пахта дар масоҳати 900 гектар, ғалладона — 350 гектар, боғпарварӣ — 200 гектар, ангурпарварӣ — 100 гектар, сабзавот — 100 гектар ва хўроки чорво — 100 гектар дар назар дошта шудааст.Мақсади Лоиҳаи маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ ва мусоидат ба кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ноил гардидан ба рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути таъмин ва васеъ намудани дастрасии мардуми камбизоати шаҳр ва деҳот, хусусан занҳо ба хизматрасониҳои мақбул, боэътимод ва дастрас ба маблағгузории хурд мебошад.Лоиҳаи кӯмаки техникӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Точикистон ҷиҳати расонидани ёрии техникӣ, ҷалб намудани мушовирони хориҷию маҳаллӣ бо мақсади таҳияи тадбирҳои зарурӣ баҳри рушди фазои сармоягузории Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор дода мешавад.Ҳамзамон дар ин ҷараён созишномаҳо байни Гуруҳи Бонки Исломии Рушд бо ҳукуматҳои кишварҳои Афғонистон – 1 адад, Гамбия – 1 адад, Гвинея-Бисау – 2 адад, Косово – 1 адад, Мозамбик – 1 адад, Сенегал – 3 адад, Сиерра Леоне – 1 адад, Судан – 1 адад ва Уганда – 1 адад ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ба имзо расонида шуданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






