Имзои Ёддошти тафоҳум байни судҳои конститутсионии Тоҷикистон ва Арманистон
Душанбе, 15 май.( АМИТ «Ховар»,Раъно Нусратуллоева).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба муҳокимаи лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар баргузор гардид. Дар кори семинар раиси Суди конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов, раиси Суди Ҷумҳурии Арманистон Гагик Арутюнян, ҳамчунин намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва олимону мутахасисони ҳуқуқшинос иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар оғози кори семинар аз ҷониби раиси Суди Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ва раиси Суди Ҷумҳурии Арманистон Гагик Арутюнян ҷиҳати густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни судҳои конститутсионии давлатҳои ба ҳам дӯст ба имзо расид. Аз ҷониби ширкаткунандагони семинар лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам мукаммал намудани он таклифҳои мушаххас пешниҳод шуданд. Мақсад аз лоиҳаи нав боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади таъмини волоият ва амалӣ бевоситаи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаъолият менамояд, мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки Қонуни конститутсионии «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз соли 1995 қабул гардида, дар ин муддат ба он зиёда аз даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид шудаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






