Инъикоси масоили захираҳои об дар ВАО

Май 15, 2013 11:31

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Муовини ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон А.Ғайнуддинов зимни суханрониаш дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Инъикоси масоили захираҳои об дар васоити ахбори омма» масъалаҳои ибтикороти ҷаҳонию минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши истифодаи захираҳои обро инъикос намуд.Тавре ки аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори мизи мудаввар муовини ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон оид ба умури байналмилалӣ У.Мансуров, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ О. Салимзода, муаллимони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аспирантҳо ва донишҷӯёни шӯбаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия ширкат доштанд.Мизи мудаввар ба «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об», ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида ва онро Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ намудааст, бахшида шуда буд.

Май 15, 2013 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш