Иштирок дар ифтитоҳи фестивал — симпозиуми байналмилалии Шашмақом
Душанбе, 10 май (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Шашмақом фестивал — симпозиуми байналмилалии Шашмақом ба кори худ оғоз намуд.Таҷлили имсолаи Рӯзи Шашмақом дар толори калони театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо баргузории консерти бошукӯҳи устодон ва ҷавонони шашмақомхон оғоз ёфт. Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинии ҳунарӣ шукӯҳу ҷалоли хоса зам намуда, аз муҳаббату алоқамандии ӯ ба фарҳанги пурғановати миллиамон башорат медиҳад.Бояд ёдовар шуд, ки 12-уми майи соли 2000 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди минбаъдаи санъати Шашмақом ва ба ансамбли Шашмақоми ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мақоми давлатӣ фармон содир намуд. Аз он вақт ҳар сол дар ин рӯзҳои рӯҳафзои баҳорӣ Рӯзи Шашмақом бо барномаҳои рангини устодону ҳаваскорони ин санъати волои бостонӣ таҷлил мегардад.Чанде баъд Шашмақом аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО ба феҳристи шоҳкориҳои шифоҳӣ ва ғайримоддии мероси ҷаҳонӣ ҳамроҳ карда шуд.Дар солҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Шашмақом чун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард. Ин аст, ки имрӯз ба сафи устодони пуртаҷрибаи ин жанри классикӣ ҷавонони зиёди соҳибистеъдод ворид шуда, завқу салиқаи баланд нишон медиҳанд ва бо ин собит менамоянд, ки минбаъд низ ин санъати волои ниёгони шарафманди мо рушду такомул хоҳад ёфт.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди барномаи консертӣ ифтитоҳи фестивал — симпозиуми байналмилалии Шашмақомро ба аҳли фарҳанги кишвар табрик гуфта, ба ҳунари волои таҳиягарон ва иҷрокунандагони ин барномаи рангин баҳои баланд дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






